«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ДУШАНБЕ, 08.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Роғун» аз азимтарин ва муҳташамтарин неругоҳҳои барқи обии ҷаҳон буда, калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург идома доранд. Низоми неругоҳ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» тавре сохта мешавад, ки муҳлати истифодаи он дарозмуддат ва устувор буда, дастрасӣ ба неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тозаи «сабз» имконпазир мешавад ва ҳаҷми хароҷоти нигоҳдориаш низ коҳиш меёбад.
— Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Истиқлоли давлатӣ дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Барои расидан ба ормонҳои деринаи миллӣ ва эҳёи давлатдорию арзишҳои комили миллӣ халқи бузургу тамаддунофари тоҷик пайваста талош менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз барои Тоҷикистон бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»- кохи бузурги асри XXI хеле муҳим ва зарурӣ мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти мамлакатро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем».
Дарвоқеъ, яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳим, ки Роҳбари давлат барои расидан ба он пайваста таъкид месозанд, истиқлолияти энергетикӣ ва бо неруи барқ таъмин намудани мардуми Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои обию энергетикӣ ғанӣ буда, имконияти тавлиди иқтидори зиёди неруи барқи обии аз нигоҳи экологӣ тозаро дорад.
Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба рушди соҳаи энергетикии мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ба болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» хиради азалӣ, истеъдоди беназири давлатдорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастагинопазир бобати зиндагии беҳтару шоиста мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин менамояд, балки дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназир ба амал оварда, андешаи умумимиллӣ ва ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистон ва сокинони онро амалӣ месозад.
Бузургӣ ва шукуҳу шаҳомати Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар он таҷассум меёбад, ки ба корзори нангу номуси миллӣ барои ҳар фарди мамлакат табдил ёфта, худшиносӣ ва худогоҳии моро тақвият бахшида, ҳамчун иншооти тақдирсоз мардум барои бунёди он зери як андешаи миллӣ ҷамъ омадаанд.
Баъди анҷом сохтмони аср он дар баробари таъмини пурраи мамлакат бо қувваи барқ барои содирот ба кишварҳои ба неруи барқ ниёзманди минтақа низ хизмат ва ба рушди иқтисодию иҷтимоии ин давлатҳо мусоидат менамояд. Гузашта аз ин, бунёди мукаммали он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим ва зарур аст.
Ташхисгари аврупоии неругоҳ С. Стивенсон бар он назар аст, ки бо ба анҷом расидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» неруи барқи тоза ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад ва ба онҳо имконият медиҳад, ки аз содироти захираҳои карбогидридҳои худ фоидаи молиявӣ ба даст оранд. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчунин метавонад кафолат диҳад, ки мамлакатҳои поёноб дар давраҳои хушксолӣ низ бо об таъмин мешаванд.
Барои бунёди ҳарчи зудтари ин неругоҳ ва руҳбаланд гардонидани сохтмончиёни он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо ҷараёни фаъолияти босамари ин иншооти бузург шинос мешаванд. Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва неруи бузурги коргарону мутахассисони тоҷик самараи нек ба бор овард ва дар натиҷа 16 ноябри соли 2018 агрегати якум ва 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми ин Кохи нур ба истифода дода шуд. Умед аст, ки дар ояндаи начандон дур агрегатҳои дигари ин корзори нангу номус мавриди истифода қарор мегиранд. Иштироки шахсии Пешвои миллат гувоҳи азму иродаи қавии миллӣ, идома доштани корҳо дар ин неругоҳ ва пайки ҳарчи зудтар ба охир расидани ин сохтмон мебошад.
Дар айни замон ин иншооти тақдирсоз майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: ««Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад».
Ҳамин тариқ, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» тақозои замон ва рушди бемайлони ҷомеаи имрӯз аст, ки баъди пурра ба кор даромадан орзую ормони чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба халқи шарифи Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд оғоз намуда, дар ин радиф ба комёбиҳои арзишманд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ноил шавад. Рушду тараққии иқтисодиёти мамлакат ба неруи барқ вобаста аст.
Дар ин росто бояд гуфт, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ба содиркунандаи мутлақи неруи барқ табдил хоҳад ёфт. Зеро давлати мо аз лиҳози стратегӣ, обу хок ва табиати нотакрор дар минтақа ҷойгоҳи махсус дорад. Сарзамини мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, яке аз сарчашмаҳои асосии барқароршавандаи неруи барқ ва истеҳсоли энергияи “сабз” маҳсуб мешавад. Чуноне ки маълум аст, Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Ҳамин аст, ки бо азми қавию иродаи мустаҳками мардуми тоҷик Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои тамоми ҳамватанонамон ба майдони нангу номуси миллӣ табдил ёфта, мардуми Тоҷикистон, хусусан сохтмончиёну муҳандисон, коршиносону мутахассисон барои ба анҷом расидани неругоҳ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ кӯшиш менамоянд. Дар баробари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ яке аз бузургтарин ормони миллӣ дониста шуда, дар ин радиф мақоми хоссаро ишғол мекунад ва пирӯзии Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, дӯстию ҷавонмардӣ ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб мешавад.
Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»