Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид

Декабрь 17, 2024 14:26

ХОРУҒ 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сардии  ҳаво дар охирҳои моҳи ноябр ва нимаи аввали моҳи декабр  боиси  яхбандии аз ҳад зиёд ва коҳиши сатҳи оби дарёи Ғунд гардида, сабаби коҳиши сатҳи оби дарё ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ гардид. Ҳоло аҳолӣ ба ғайр аз шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар дигар ҷамоати деҳот ба тариқи реҷа бо неруи барқ таъмин мешавад. 

Муовини директори Неругоҳи барқи обии «Хоруғ» Акмал Давлатмамадов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «бо мақсади муайян намудани дастрасии аҳолии вилоят  ба неруи барқ  фаъолияти неругоҳҳои барқи обии «Помир 1» ва «Хоруғ» мавриди санҷиш қарор дода шуд. Маълум гардид, ки бар асари сармои шадиди моҳи ноябру декабр ҳама дарёю рӯдҳои кӯҳӣ аз меъёр зиёд ях бастаанд ва дар интиқоли барқ ба деҳоти ноҳияҳо маҳдудият ҷорӣ карда шуд. Ин дар ҳоле аст, ки талаботи аҳолии маркази вилоят нисбат ба як соли пеш бо назардошти зиёд шудани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар маркази вилоят чанд маротиба афзоиш ёфтааст. Агар то 10 декабри соли 2023 дар маҷмуъ 21,8 мегаватт қувваи барқ танҳо дар маркази вилоят истифода шуда бошад, ин рақам соли равон  ба 29,9 мегаватт баробар шудааст. Дар маҷмуъ  талабот дар шаҳри Хоруғ нисбат ба як соли пеш 7 мегаватт  бештар шудааст».

Дар асоси хулосаи мутахассисони ширкати «Помирэнерҷӣ» соли 2023 бо назардошти бориши кам ҳаҷми об  дар ҳавзи Яшикӯл аз меъёри зарурӣ нисбат ба соли 2023  15 фоиз камтар захира гардидааст. Новобаста  ба мушкилоти ҷойдошта, дар асоси супориши Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳоло маркази вилоят, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки бо таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ муҷаҳҳаз мебошанд, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва корхонаи ордбарории ноҳияи Шуғнон,  марказҳои ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Рошткалъа Ишкошим ва дидбонгоҳҳое, ки дар ҳудуди маркази вилоят ва ноҳияҳо қарор доранд, бо неруи барқ таъмин мебошанд.

Бо назардошти сардии ҳарорати ҳаво дар Помири шарқӣ, ки боиси коҳиши сатҳи оби дарёи Ғунд гардидааст, тавоноии истеҳсоли барқ дар Неругоҳи барқи обии «Помир 1»  аз 28 мегаватт ба 24 мегаватт коҳиш ёфта, Неругоҳи барқи обии  «Хоруғ» бо  тавоноии пурра 9 мегаватт неруи барқ истеҳсол мекунад. Ҳоло дар вилоят 13 неругоҳи барқи обӣ фаъол мебошанд, ки талафоти неруи барқ дар ин давра ба 8,21 фоиз баробар шудааст. Камшавии талафоти неруи барқ аз ҳисоби ба кор даровардани зеристгоҳҳои нави баландшиддати барқӣ дар ҳудуди вилоят мебошад.

Мутахассисони ширкати «Помирэнерҷӣ» изҳор доштанд, ки бо нисбатан  гарм шудани ҳарорати ҳаво  таъмини аҳолӣ бо барқ беҳтар мегардад. Муштариён вобаста ба реҷаи интиқоли неруи барқ ҳамарӯза аз тариқи воситаҳои иттилоотии маҳаллӣ огоҳ карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд