ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
Соли 1946 Фонди кӯдаконаи Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.
***
11 декабри соли 2012 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шурои миллии рушд баргузор гардид.
***
11 декабри соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» илова ворид намуданд.
***
11 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот баррасӣ гардид.
***
11 декабри соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар конференсияи «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ барои сулҳ, амният ва рушд» ба Туркманистон сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
11 декабри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Шурои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.
***
11 декабри соли 2017 дар доираи сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якчанд мавзеъҳои қадимию таърихии ин кишвар шинос гардиданд.
***
11 декабри соли 2019 дар Cафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав ба тасвиб расиданд.
***
11 декабри соли 2020 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд.
***
11 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар солҳои 2005-2021 Ангела Меркел барқия ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Дубай масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар самтҳои тағйирёбии иқлим дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар доктор Фолеҳ бин Носир баррасӣ гардиданд.
11 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии кӯҳ.