ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 15, 2024 08:00

15 декабри соли 2011 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Ҳисоботи миллӣ оид ба куҳансолӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

15 декабри соли 2016 Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка ба имзо расид.

***

Соли 2017 Парлумони Тоҷикистон таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушдро баррасӣ намуд.

***

15 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

15 декабри соли 2021 зимни  суҳбати телефонӣ Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоевро  бо таманниёти нек ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

***

15 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест»-ро мавриди истифода қарор доданд.

15 ДЕКАБР:

Рӯзи байналмилалии чой.

***

Дар Русия – Рӯзи хотираи журналистони ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалокшуда.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сафар Амиршоев — соли 1912-иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сержанти калони гвардия.

 

 

 

Декабрь 15, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, шанбе, 298-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, ҷумъа, 297-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст