ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
9 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
9 декабри соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 8 декабр варзишгари тоҷик Каюмарс Норов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр дар рақобатҳо дар вазни 52 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар Лимассол ба шумор меравад.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.
***
9 декабри соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби унвони олии «Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун» гардиданд.
***
9 декабри соли 2019 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкат оид ба захираҳо Тибет-Эверест»- муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Хуан Тсзян Жун мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
***
9 декабри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз- 2030 ҷаноби Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот намуданд.
***
9 декабри соли 2022 дар Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим» ҳамоиш баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар Душанбе байни роҳбарони гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Латвия оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
9 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия.
***
Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ибодулло Абдуллоев— соли 1918- дирижёри тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1968), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1974).