Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд

Декабрь 12, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар  шаҳри Душанбе нахустин ҷаласа вобаста ба ҳамкорӣ дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея доир гардид. 

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа ҷонибҳо вазъи сиёсии канданиҳои фоиданоки ҳарду давлат, ашёи хоми минералӣ ва металлҳои қиматбаҳо, иқтидори металлҳои нодири Тоҷикистон, ҳолат ва дурнамои он, инчунин канданиҳои фоиданоки асосии ғайриметаллии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз намуд, ки «омӯзиши канданиҳои фоиданок, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат ба афзоиши коркарди канданиҳои фоиданок мусоидат менамояд. Имрӯз дар самти истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҳамкорӣ дар марҳилаи нав ба роҳ монда шудааст».

Дар ҷаласа доир ба дастовардҳои соҳаи геология ва ашёи менералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.  Мақсад аз ҳамкорӣ бо Корея пешниҳод намудани маълумот оид ба мавҷудияти конҳои канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ барои омӯзиши геологӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2023  соҳаи саноати металлургия ва истихроҷи маъданро мавриди таҳлилу натиҷабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат вобаста ба ин масъала чунин вазифа гузоштанд: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлате аст, ки дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок буда, дар қаъри кӯҳҳои сар ба афлоки он сарватҳои нодири табиӣ хеле зиёд мебошанд. Тибқи маълумоти омории солҳои охир, дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 700 кони канданиҳои фоиданок кашф шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, рӯҳ, сурма, симоб, мис, қалъагӣ, сангҳои гаронбаҳою ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфуз ҳастанд.

Бояд гуфт, ки 93 фоизи масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки  ин ба рушди соҳаҳои кӯҳкорию металлургия мусоидат менамояд.

 Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд