Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд

Декабрь 19, 2024 09:15

ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар доираи барномаи ҳамкории омӯзишии такмили рақамӣ (Korean digital Learning Improvement Cooperation) Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо мудири Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг Чой Гйо Ҷин вохӯрӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад, дар доираи барнома шиносоӣ бо Институти таҳсилоти фаъолият ва муассисаҳои таълимии шаҳри Сеҷонг доир шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ин лоиҳа бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон татбиқ гардида, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии омӯзиши фанҳо дар мактабҳои миёна  ва табодули таҷриба байни омӯзгоронро дар бар мегирад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

 

 

Декабрь 19, 2024 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд