«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид

Декабрь 16, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мобилии «Харитаи сайёҳии Тоҷикистон» («Tourist Map Tajikistan») муаррифӣ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар рӯнамоии барнома иброз гардид, ки  замимаи мобилии «Харитаи сайёҳии Тоҷикистон» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии босифати иқтисоди мамлакат ва гузаштани соҳаи сайёҳӣ ба низоми рақамикунонӣ таҳия гардидааст.

Ин замима бо ибтикори Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ребус» омода шудааст.

Мақсади асосии барнома рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба гардишгарони хориҷӣ  муаррифӣ намудани на танҳо зебоию меҳмоннавозии Тоҷикистон, балки мавзеъҳои нодири ҷумҳурӣ мебошад.

«Харитаи сайёҳии Тоҷикистон» тамоми маълумоти заруриро дар бораи маконҳои сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ин барномаи мобилӣ бе пайваст шудан ба шабакаи интернет фаъол мебошад.

Барномаи мобилии «Харитаи сайёҳии Тоҷикистон»-ро хоҳишмандон метавонанд аз «Google Play» ва «App Store» ба телефонҳои мобилии худ пайваст намоянд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир мегузорад. Дар Тоҷикистон ин соҳа давра ба давра ба низоми рақамикунонӣ мегузарад.

Дар ин раванд ширкатҳои ватанӣ бо хизматрасонии муосир Тоҷикистонро ба ҷаҳониён беҳтару бештар муаррифӣ намуда, ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавҷуд буда, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд