«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мобилии «Харитаи сайёҳии Тоҷикистон» («Tourist Map Tajikistan») муаррифӣ гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар рӯнамоии барнома иброз гардид, ки замимаи мобилии «Харитаи сайёҳии Тоҷикистон» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии босифати иқтисоди мамлакат ва гузаштани соҳаи сайёҳӣ ба низоми рақамикунонӣ таҳия гардидааст.
Ин замима бо ибтикори Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ребус» омода шудааст.
Мақсади асосии барнома рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба гардишгарони хориҷӣ муаррифӣ намудани на танҳо зебоию меҳмоннавозии Тоҷикистон, балки мавзеъҳои нодири ҷумҳурӣ мебошад.
«Харитаи сайёҳии Тоҷикистон» тамоми маълумоти заруриро дар бораи маконҳои сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Ин барномаи мобилӣ бе пайваст шудан ба шабакаи интернет фаъол мебошад.
Барномаи мобилии «Харитаи сайёҳии Тоҷикистон»-ро хоҳишмандон метавонанд аз «Google Play» ва «App Store» ба телефонҳои мобилии худ пайваст намоянд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир мегузорад. Дар Тоҷикистон ин соҳа давра ба давра ба низоми рақамикунонӣ мегузарад.
Дар ин раванд ширкатҳои ватанӣ бо хизматрасонии муосир Тоҷикистонро ба ҷаҳониён беҳтару бештар муаррифӣ намуда, ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавҷуд буда, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»






