«Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ байни дастаҳои Лигаи якум чемпиони Тоҷикистон гардид

Декабрь 2, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 02.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ чемпиони Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум дар соли 2024 гардид. Дар ин хусус сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Сомон Орифзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ хуб ҳунарнамоӣ намуда, тавонист, ки баъди пирӯзиҳо бар ҳарифон бо гирифтани 62 имтиёз мақоми якуми Лигаи якумро соҳиб шавад. Баъд аз чемпион гардидан дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ дар мавсими соли 2025 ба Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ роҳхат гирифт.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 2, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд