27 январ дар Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, хоҷагии манзилию коммуналӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати фарҳанг соати 08:00 доир мегардад.
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ соати 09:30 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи телевизион ва радио соати 10:00 ва дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соати 11:00 доир мегардад.
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нишасти матбуотӣ соати 15:00 баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






