35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 91,9 км роҳҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор мумфарш гардид
ҲИСОР, 06.10.2025 /АМИТ«Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 91,9 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор мумфарш гардида, 18,5 километр бетонпӯш ва 16,5 километр роҳҳо шағалпӯш карда шуданд. Дар анҷом додани ин кори хайр соҳибкорону сокинон ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Роғун ва Варзоб саҳми назаррас гузоштанд. Дар ин хусус масъулини Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Ҳисор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Мутахассисони Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Ҳисор дар мумфаршу шағалпӯш намудани ин роҳҳо саҳми арзанда доранд. Ин роҳҳо бо иштироки мутахассисони баландихтисос ва ҷалби техникаю механизмҳои роҳсозӣ бо сифати баланд мумфарш карда шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар байни шаҳру навоҳии минтақаи Ҳисор бештар сокинону соҳибкорони шаҳри Турсунзода бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии техникию таъмини мутахассисони Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Ҳисор роҳҳои маҳаллиро таъмиру мумфарш ва бетонпӯш намуданд. Аз ҷумла, соли 2024 дар шаҳри Турсунзода 56,22 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш шуда, 18,50 км роҳҳои байнидеҳавӣ бетонпӯш ва 8,96 км роҳҳо шағалпӯш карда шуданд.
Ҳамчунин соли 2024 дар ноҳияи Рӯдакӣ 2,66 км, шаҳри Норак 1,89 км, ноҳияи Шаҳринав 3,36 км, ноҳияи Файзобод 6,88 км, шаҳри Ҳисор 9,46 км, шаҳри Ваҳдат 11,8 км ва ноҳияи Варзоб 2,70 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шуданд.
Тибқи иттилои мутахассисони Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор, соли 2024 аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,68 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Ҳисор дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Рӯдакӣ, Роғун ва Шаҳринав мумфарш карда шуданд.
Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Ҳисор дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025» дар 10 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои минтақаи Ҳисор ва ағбаҳои Чормағзак, Фахробод, Сумбулоқ, Султонобод ва Шар-шар 9900 м3 маводи зиддилағжиш, 63 тонна ангишт ва 29 ҳазору 500 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Имрӯзҳо аз тариқи 73 техникаю механизми роҳсозӣ роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ аз барф тоза карда шуда, маводи зиддилағжиш пошида, рафтуомади сокинонро дар ин рӯзҳои сарди зимистон таъмин менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»






