Ҷаҳонгир Эргашев ба дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода гузашт

Январь 20, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари ботаҷриба ва аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев корномаи варзишиашро дар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  идома медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Байни футболбоз ва бошгоҳ қарордоди ҳамкорӣ барои як сол ба тасвиб расид. Ҷаҳонгир Эргашев қаблан дар дастаҳои  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва якчанд дастаи хориҷӣ бозӣ карда, дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи калон дорад. Мавсуф бо пироҳанҳои  дастаи мунтахаби   Тоҷикистон дар 35 бозӣ ба майдон омада, 4 гол задааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  қаблан бо Нозим Бобоҷонов, Абдулло Шарипов ва Далер Имомназаров қарордоди ҳамкорӣ имзо карда буд. Дар ин даста шартномаи мураббӣ Зайниддин Раҳимов ва бозингарон Бортей Акуайе, Опонг Ҷонсон, Хуршед-Тимур Ҷӯраев, Ҳоҷиакбар Узоқов, Ёқубҷон Ахмедов ва Қурбоналӣ Бобоев ба анҷом расид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 20, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд