Ҷаҳонгир Эргашев ба дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода гузашт
ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари ботаҷриба ва аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев корномаи варзишиашро дар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода идома медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Байни футболбоз ва бошгоҳ қарордоди ҳамкорӣ барои як сол ба тасвиб расид. Ҷаҳонгир Эргашев қаблан дар дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва якчанд дастаи хориҷӣ бозӣ карда, дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи калон дорад. Мавсуф бо пироҳанҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 35 бозӣ ба майдон омада, 4 гол задааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода қаблан бо Нозим Бобоҷонов, Абдулло Шарипов ва Далер Имомназаров қарордоди ҳамкорӣ имзо карда буд. Дар ин даста шартномаи мураббӣ Зайниддин Раҳимов ва бозингарон Бортей Акуайе, Опонг Ҷонсон, Хуршед-Тимур Ҷӯраев, Ҳоҷиакбар Узоқов, Ёқубҷон Ахмедов ва Қурбоналӣ Бобоев ба анҷом расид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






