Ҳайати доварони Тоҷикистон бозии Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё-2024/25-ро ҳакамӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Доварони Тоҷикистон барои ҳакамии бозии Лигаи чемпионҳои Осиё-2024/25 таъйинот гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳайати доварони Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии даври ҳаштуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои элитаи КФО-2024/2025 дар минтақаи Ғарб байни бошгоҳҳои «Ал-Райян» (Қатар) ва «Истиқлол» (Эрон)-ро, ки 18 феврал дар Давҳа доир мешавад, доварӣ менамояд.
Ба ӯ ёварони довар Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов кумак мекунанд. Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Насрулло Кабиров дар VAR кор карда, Абдулло Давлатов ёвари VAR хоҳад буд.
Илова бар ин, довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов довари эҳтиётии бозии аввали даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/2025 байни дастаҳои «Муангтонг Юнайтед» (Тайиланд) ва «Лион Сити Сейлорс» (Сингапур) интихоб шуд. Ин бозӣ 13 феврал дар Бангкок баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






