Ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад

Январь 19, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 январ Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон табодул карда шуд.

Ёддошти тафоҳумро сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур ва Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ табодул намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти алоқа хабар доданд, Ёддошти тафоҳум заминаи васеъ ва мусоиди ҳамкориро дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба вуҷуд оварда, ба  густариш ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи муқаррароти Ёддошти тафоҳум ҳамкории самарабахш дар самтҳои гуногуни  татбиқ ва манфиат аз  технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва табодули таҷрибаҳои муваффақ  дар назар гирифта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 19, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд