Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон фаъолияташро дар дастаи дигари Суперлигаи Узбекистон давом медиҳад

Январь 9, 2025 09:31

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари 20-солаи дастаҳои  мунтахаби миллӣ ва олимпии Тоҷикистон (U-23) Далер Шарифов дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

 Ҳамлагар ба ҳайси бозигари озод ба дастаи «Шӯртан»-и Гузар гузашт, ки он имсол ба Суперлигаи Узбекистон ворид шуд. Охирин бошгоҳи Далер Шарифов «Металлург»-и Бекобод буд, ки дар ҳайати он дар 24 бозии мавсими гузашта се гол задааст.

Далер Шарифов соли 2024 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон аввалин бор ҳунарнамоӣ намуд. Ҳоло дар ҳисоби ӯ панҷ вохӯрӣ бо пироҳанҳои тими миллии мамлакат сабт гардидааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 9, 2025 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард