Анҷумани XXXVII ғайринавбатии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон баргузор шуд

Январь 4, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ дар шаҳри Душанбе Анҷумани XXXVII ғайринавбатии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ҳизби коммунистии Тоҷикистон баргузор гардид хабар доданд.

Дар кори анҷуман вакилон аз кумитаҳои вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.

Дар анҷуман, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба иштироки Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоби навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботӣ, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ташкили ситоди интихоботии ҳизб баррасӣ гардид.

Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи кори анҷуман котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Зарагул Мирасанова суханронӣ намуд.

Вакилони анҷуман баъди баррасии масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 6 аъзои фаъоли ҳизб, аз ҷумла раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Меҳроҷ Абдуллоев, котиби дуюми Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Инъомҷон Подшоев, котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Зарагул Мирасанова, котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Отахон Ҳасанов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умарзода ва котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Ҳикматулло Ҳамидовро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Январь 4, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд