ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дарахтони ҳамешасабз бояд то моҳи январ шинонида шаванд

Январь 19, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 19.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. То нимаи моҳи январ дарахтони ҳамешасабз бояд шинонида шаванд, зеро дар моҳи январ ин дарахтон ба сабзиш медароянд. Чунин иброз намуд ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров.

Коршинос иброз медорад, ки ҳар ниҳоли дарахти ороишию сояафкан, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешаванд, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошанд. Масалан, ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуд ҳастанд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд.

Дар Тоҷикистон ниҳолшинонӣ 3 марҳиларо дар бар мегирад, яъне тирамоҳу зимистон, зимистон ва зимистону баҳор.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, қоидаҳои асосие, ки бояд барои шинонидани ниҳол риоя шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ ба назар гирифтан зарур аст. Қоидаи асосӣ- ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд на камтар аз 50-60 сантиметр канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан кори баръакси онро иҷро менамоем. Яъне, аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул барои бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд.

Ҳикматулло Назиров изҳор дошт, ки «баландии ниҳол на камтар аз 1,20 ё 1,30 сантиметр, решаи он бояд се пойчаи реша ва решачаҳои ҷаббанда дошта бошад. Инро набояд фаромӯш сохт, ки пеш аз шинонидан ниҳолро 8 соат дар ширахок нигоҳ доштан зарур аст. Ширахокро мо аз поруи ҳайвонот, нуриҳои минералӣ ва обу хок омода месозем. Аҳамияти  ширахок он аст, ки системаи реша ва  вуҷуди онро бо об таъмин месозанд ва ниҳол тамоми ин ғизоро ба худ ҷаббида гирифта, баъд аз шинонидани он зуд мутобиқ мегардад. Ба  замине, ки намнокии он муътадил бошад, 5 ё 6 литр об ва агар намнокӣ кам бошад, зиёда аз 10 литр об рехтанамон зарур аст».

Вобаста ба шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан  ва пас чанд муддат хушк шудани он Ҳикматулло Назиров иброз дошт, ки  «шинонидани ин гуна дарахтон аз ниҳолҳои мевадиҳанда фарқ дошта, кори нозук мебошад. Зимни шинонидани ин гуна ниҳолҳо аксар вақт қоидаҳои асосӣ риоя намешаванд. Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз ҳаминро тавсия медиҳам, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон зарур аст».

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 19, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳристон майдони дарахти себ зиёд карда мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Фонди хайриявии «Музаффар» беш аз 21 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ мешинонад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб 200 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди «Боғи Ғалаба» зиёда аз 1000 бех ниҳол шинониданд
«САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ». Дар ноҳияи Варзоб ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Соли 2026 дар Хатлон 600 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Зафаробод 20 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд
ДАРАХТИ ПАВЛОВНИЯ ЧӢ АФЗАЛИЯТ ДОРАД? Дар маркази шаҳри Ҳисор беш аз 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои он дар Тоҷикистон дар садҳо гектар саксавул шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ оғоз гардид