Ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳи Вашингтон ба дарё афтод
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Садама дар наздикии фурудгоҳи Роналд Рейган, ки тақрибан чаҳор километр ҷанубтар аз Кохи Сафед ва Капитолия воқеъ аст, ба амал омад. Фурудгоҳ парвозҳоро муваққатан қатъ намудааст.
«Ҳавопаймо, ки ба таври мунтазам аз Вичита ба Вашингтон парвоз мекард, ҳангоми фуруд омадан дар ҳаво ба чархболи низомӣ бархӯрдааст»,-хабар додааст Идораи федеролии ҳавопаймоии ИМА (FAA).
Дар дохили ҳавопаймое, ки дар Вашингтон суқут кард, 64 нафар, аз ҷумла 60 мусофир ва чаҳор аъзои экипаж будаанд, иттилоъ додааст ширкати ҳавопаймоӣ.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, баъди дар ҳаво ба ҳам бархӯрдани ҳавопаймои American Airlines ва чархболи Блэкҳок дар наздикии фурудгоҳи Роналд Рейган дар Вашингтон ҷасади 19 нафар аз дарёи Потомак берун оварда шуд», — хабар медиҳад BNO News.
АКС аз манбаъҳои боз








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






