Аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Панҷакент, №21 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

Январь 10, 2025 15:28

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шаҳри  Панҷакент бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода вазифаҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои тарғиб ва татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Дар маҷлис Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ташкил шуда, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб номзадии Парвиз Шодизодаро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Панҷакент, №21 пешбарӣ намуданд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода номзади ташкилоти ҳизбии шаҳр ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Парвиз Шодизодаро ба ҳозирон муаррифӣ намуда, нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 10, 2025 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ёвон, №29 пешбарӣ гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд
«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ ва истифодаи он тасдиқ гардид
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 номзад аз ҲХДТ пешбарӣ гардид
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Рашт,№12 пешбарӣ карда шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Турсунзода, №5 пешбарӣ карда шуд