Аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешбарӣ карда шуд

Январь 8, 2025 09:34

ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ баргузор гардида, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33 пешбарӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маҷлис масъалаҳои тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун  №33 баррасӣ гардиданд.

Дар анҷом бо овоздиҳии аъзои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ номзадии Неъматулло Иброҳимзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Ҷайҳун №33 пешбарӣ гардид.

АКС: Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 

Январь 8, 2025 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Он падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд
Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода: «Дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст»
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати мушоҳидони ИДМ мулоқот баргузор гардид
Мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба муддати дароз назорат мекунанд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Омодагӣ ба интихобот ва иштироки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ баррасӣ шуд
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид
ДАР 28 ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ-36 УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ. Вобаста ба тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи Тоҷикистон маълумот дода шуд