БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад

Январь 29, 2025 13:55

ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, намоиш-фурӯши китоб аз соати 10:00 то 16:00 баргузор шуда, дар он ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳод менамоянд. Ин намоиш-фурӯши китоб барои дастрасӣ ба китобҳои тозанашр беҳтарин имконият аст.

Рушди анъанаи китобдорию китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Президенти Тоҷикистон дониста мешавад. Тавре  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд,  «мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ».

Тавре Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён 27 январи имсол зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, «муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра дар маҷмуъ 212 номгӯй китобҳои бадеӣ, илмӣ-оммавӣ ва таълимиро бо теъдоди 78 750 нусха ба табъ расониданд. Тавассути ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар маҷмуъ 52 номгӯй китоб бо теъдоди 19 447 нусха ба тариқи ройгон ба 562 китобхонаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дода шуд».

Соли ҳафтум аст, ки дар мамлакат бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ бо ташаббус ва ҳамчунин таҳти таваҷҷуҳ ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Тибқи иттилои масъулин, баъди баргузории ин озмун дар мамлакат сафи китобхонҳо ба маротиб афзудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2025 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад