Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир гардид

Январь 24, 2025 13:27

ДУШАНБЕ, 24.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир гардид. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар мамлакат барои баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоӣ якчанд барномаю қарорҳо амал мекунанд. Аз ҷумла, “Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030” ва чандин барномаю нақшаҳои миллии амал ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақрибан 240 ташкилоту муассисаҳои гуногун, ба монанди Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо 31 сохтори зертобеъ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо 124 муассиса, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ: хона-интернатҳо, 4 осоишгоҳу истироҳатгоҳ, 5 маркази минтақавии ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, 44 шуъбаи марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 6 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон ва 58 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, ки тибқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ фаъолият доранд, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, Заводи протезию ортопедӣ дар шаҳри Душанбе бо 4 филиал, ду маркази тавонбахшии маъюбон дар Чорбоғ ва Балҷувон, Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва зӯроварӣ дар оила, Маркази иттилоотию таҳлилӣ, 72 шуъба  ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амал мекунанд.

Ин ҳама ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманданд, аз ҷумла пиронсолону маъюбон, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, оилаҳои камбизоат, шаҳрвандони мубталои Вируси норасоии масунияти одам, бемории сил ва гурӯҳҳои дигаре, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ мерасонанд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2025 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ