Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар шаҳри Душанбе зимни нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар қатори дигар соҳаҳо байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Солеҳии Амирӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкории судманд ва рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳамзамон ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ду ҷониб ва ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори соҳа мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






