БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар шаҳри Хуҷанд се кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаҳои 6, 7 ва 26-уми шаҳри Хуҷанд се кӯдакистони замонавӣ бунёд мегарданд, ки дар онҳо қариб 800 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни шиносоии роҳбарияти вилояти Суғд бо сохтмон ва лоиҳаи якчанд иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ба роҳбарияти шаҳр ва сохтмончиён дастур дода шуд, ки барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо аз тамоми имконият истифода баранд.
Бояд хотирнишон кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон барои фарогирии 50 фоизи кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Зимни шиносоии роҳбарияти вилояти Суғд бо сохтмони коргоҳи коркарди меваю сабзавоти «Доро инвест», коргоҳи «Афранг пластик» ва «Тоҷпанел» барои васлу насби таҷҳизоти зарурӣ тавсияҳо дода шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






