БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Пешрафту пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад

Январь 3, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 03.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни ҷаласаи васеъ нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин институт иттилоъ доданд.

Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пӯлод Аминзода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навид аз муваффақияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як соли охир аст, ки ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба вазъи илму маориф дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки “давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст”.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкории байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш доданд, ки “доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд”.

Пешвои миллат зарурати забономӯзиро муҳим дониста, таъкид намуданд, ки “дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба ин ки илм ва маориф пояи аслии тараққиёти ҷумҳурӣ аст, чунин иброз доштанд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Масалан, ман кишвареро медонам, ки чандон бузург нест, вале аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ бисёр пешрафтаю неруманд аст. Зеро ин давлат ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот, ки маҳсули ақли шаҳрвандони он мебошанд, 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад. Саҳми хонандагони мактабҳои миёна дар ин дастовард, яъне ихтироот 1 миллиард долларро ташкил мекунад. Харидорони ин идеяҳо асосан ширкатҳои бузургтарини дунё мебошанд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.

Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

“Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф мақоми хосса дошт. Ин ҳар кадоми моро водор мекунад, ки бо дасту дили гарм ин Паёми сарнавиштсоз ва дастуру супоришҳои Пешвои миллатро амалӣ созем ва дар рушди илми мамлакат саҳми шоиста гузорем”,-гуфт Пӯлод Аминзода.

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ҳама имконоти заруриро барои саҳми муносиб гузоштан дар кашфиёти илмӣ ва ҳисса доштан дар пешрафтҳои илмии Тоҷикистон дорад. Олимони институт соли 2024 дар татбиқи лоиҳаҳои ба зиммадошта комёб буданд ва умед аст, ки соли 2025 низ ин анъанаи нек- роҳ ба сӯи пешрафтҳои нав идома меёбад.

АКС: Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 3, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Гулистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ конференсия баргузор шуд
Дар Хатлон вобаста ба нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши вилоятӣ баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МАОРИФПАРВАР. Вобаста ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ЗИЁДШАВИИ МАОШИ ОМӮЗГОРОН АЗ ОНҲО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ДУЧАНДРО ТАҚОЗО ДОРАД. Бардошт аз ҷаласаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Масъалаи касбомӯзии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Бо кадом роҳҳо метавон ба он ноил гардид?
Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода шавад