Бозорҳо, хатсайрҳо, терминалҳо: МегаФон Тоҷикистон шабакаи толорҳои алоқаи худро васеъ намуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба шабакаи хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» боз 15 толори алоқа ҳамроҳ гардид. Нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳам дар маҳалҳои комилан нав ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ, ки бештари муштариёни оператор он ҷо зиндагӣ мекунанд, пайдо шуданд.
Ба масоили рушди фурӯши хусусӣ дар шаҳри Душанбе, ки мегаполиси тараққикунанда маҳсуб шуда, шумори сокинонаш аз 12 фоизи тамоми аҳолии Тоҷикистон бештар аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Соли равон дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ дар назди супермаркетҳои калон, муассисаҳои тиббӣ, идораҳои ташкилоти давлатӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо толорҳои нав кушода шуданд. Чунончи, ба толори алоқа дар кӯчаи Ҷомӣ зуд-зуд донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон меоянд ва ба кӯчаи Раҳмон Набиев бештар донишҷӯёни муассисаи таълимии тиббӣ мераванд. Баҳри мувофиқгардонии имконияти мусофирону меҳмонон низ нуқтаҳои фурӯш ифтитоҳ меёбанд. Яке аз толорҳои нав дар терминали «Чорбоғ» ба кор даромадаас, ки ба он аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ автобусҳо меоянд.
Дар дигар минтақаҳо низ нуқтаҳои фурӯш аз рӯи принсипи дастрасии комил ҷойгир карда мешаванд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабакаи ширкат бо ду толор пурра гардид. Дар Ҳисор идораи операторро дар супермаркети «БИ-1» ва дар Ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи марказӣ пайдо кардан мумкин аст.
Дар вилояти Хатлон соли 2024 панҷ толори фирмавии ширкат кушода шуд. Онҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак, ноҳияҳои Данғара, Ҷайҳун ва Фархор ҷойгир ҳастанд. Дар шаҳри Норак ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аввалин операторе аст, ки толори алоқаро дар бозори нави «Рамзи Норак» ифтитоҳ намуд.
Дар вилояти Суғд ба шумораи нуқтаҳои фурӯш толори дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров илова шуд. Он дар автовокзал воқеъ буда, ба ҳама мусофироне, ки тавассути шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара- Конибодом ҳаракат мекунанд, дастрас аст.
«Ба сокинони мамлакат наздик шудан, барои онҳо фароҳам овардани имконияти муносиб ва муфид — ин аст стратегияи рушди шабакаи фурӯши мо. Ҳар толори нав ҷойе аст, ки дар он метавонед аз хизматрасонии муосири рақамӣ баҳравар гардед, тавсияҳои махсусро оид ба пайвасткунии онҳо ва танзимнамоии гаҷетҳо гиред. Аз ин рӯ, танҳо муштариёни ширкати мо меҳмони толорҳо нестанд. Мо бо хушнудӣ ҳама онҳоеро, ки дар роҳ ба сӯи ҷаҳони рақамӣ ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд, пазироӣ мекунем!», — мегӯяд роҳбари Хадамоти фурӯш ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Сунатулло Бобоев.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон









Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






