ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон ба он омодагӣ мебинад

Январь 24, 2025 11:01

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки аз 9 то 16 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, оғоз кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии нави дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон Баҳром Ёрматов ба ҷамъомади тамринӣ, ки як ҳафта идома мекунад, 22 нафар – 3 дарвозабон ва 19 бозингарро даъват кардааст. Ба рӯйхати ниҳоии даста барои иштирок дар чемпионати CAFA-2025 14 бозингар дохил карда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки дар чемпионати CAFA-2025 оид ба футзал байни занон дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок мекунанд. Ҳама бозиҳои мусобиқа дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 24, 2025 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад