Дар Академияи идоракунии давлатӣ машғулияти интерактивии «Нексус: Об-Энергия-Озуқаворӣ» доир шуд

Январь 23, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 январ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти интерактивӣ дар шакли тренинг аз рӯйи методикаи инноватсионии «Нексус: Об-Энергия-Озуқаворӣ» гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Машғулият дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) бо мақсади омода намудани тренерҳо аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Он омӯзиши робитаи соҳаи энергетика ва таъсири омилҳои мураккаб ба муҳити зистро амалӣ менамояд.

Тренинг дар шакли бозии интерактивӣ ташкил шуда, барои қабули қарорҳои мувозинатнок кумак мекунад. Чунин навъи тренинг ба иштирокчиён имкон дод, ки чолишҳои ҷаҳониро аз назари ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ намуда, воситаҳои амалии таҳлил ва ҳалли идоракунии захираҳоро амиқтар омӯзанд.

Зимни тренинг ба академия нусхаи харитаи бозии Нексус бо забони тоҷикӣ тақдим шуд.

Дар интиҳои тренинг шунавандагон соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад