Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Восеъ №39 аз ҲХДТ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардид

Январь 8, 2025 10:08

ДУШАНБЕ, 08.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Восеъ, №39 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муаррифӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд, Комилҷон Шамшерзода аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Восеъ, №39 пешбарӣ карда шуд. Қарори дахлдор дар маҷлиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ қабул гардид.

Инчунин дар маҷлиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ масоили вобаста ба тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Восеъ, №39 баррасӣ гардид.

 АКС: Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

Январь 8, 2025 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд