Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа доир шуд

Январь 1, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 01.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми мамлакат яке аз муҳимтарин ҳуҷҷате ба ҳисоб мераванд, ки давоми сол ба тарзи фарогирии дастовардҳои миллӣ дар ростои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти ҷумҳурӣ таҳлилу арзёбӣ гардида, нақшаҳои соли минбаъдаро таҳия ва дар асоси онҳо дурнамои рушди ҷомеаи моро муайян месозанд.

Паёми Президенти Тоҷикистон дар соли 2024 аз ояндаи боз ҳам дурахшонтари мардуми тоҷик дарак дод. Иброз шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти ҷумҳурӣ пайваста дар фикри некӯаҳволии мардум ҳастанд. Нуктаҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон оид ба рафъи монеаҳои ҷойдошта пешниҳод гардиданд, роҳи дурахшони фардои зебо доштани мардуми тоҷикро баёнгар мебошанд.

Зоир Раҳмонзода бо таъкид ба суханрониҳои Пешвои миллат гуфт, ки дар замони нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни давлатҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ андеша намоем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро, мо ҳам мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дорем ва ин ҳадафи олии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Январь 1, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳу пул ва долонҳои зиддитармавӣ бунёд ва таҷдид карда мешаванд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳадафи олии сиёсати давлати Тоҷикистон таҳияи зиндагии шоиста барои аҳолӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд
Роҳиоҳанчиёни мамлакат нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистонро иҷро менамоянд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст
Дар шаҳри Норак вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Он омили муҳим барои ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа аст