Дар Душанбе Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 19.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 январи соли 2025 ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, мақсади таъсиси Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард» ин амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди роҳҳои мошингарди ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирии давлатӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурии фаъолияти муассисаро ба анҷом мерасонад.
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки барои таъмин намудани муассиса бо бинои маъмурӣ чораандешӣ намояд.








Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд






