Дар Душанбе Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард» таъсис дода мешавад

Январь 19, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 19.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 январи соли 2025 ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, мақсади таъсиси Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»  ин амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди роҳҳои мошингарди ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ  мебошад.

Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида,  бақайдгирии давлатӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурии фаъолияти муассисаро ба анҷом мерасонад.

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки барои таъмин намудани муассиса бо бинои маъмурӣ чораандешӣ намояд.

Январь 19, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад