Дар Душанбе паҳлуҳои калидии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид

Январь 16, 2025 15:29

ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар доираи сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Самад Ҳасанзода баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо паҳлуҳои калидии ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён заминаи устувор барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни давлатҳоро фароҳам овардааст.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот паҳлуҳои калидии ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор дода, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро муҳокима намуданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор намуд, ки гардиши савдои хориҷии дуҷониба соли 2024   378 миллион доллар ва ҳаҷми сармоягузории мустақим ҳамагӣ 0,5 миллион долларро ташкил додааст. Вобаста ба ин таъкид шуд, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо иқтидори мавҷудаи ду давлат хеле ночиз буда, зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддиро барои афзоиши савдои мутақобил ва ҷалби бештари сармоягузорӣ талаб менамоянд.

Самад Ҳасанзода омодагии ҷониби Эронро барои густариши ҳамкорӣ изҳор намуда, пешниҳод кард, ки бо таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва афзоиши сармоягузорӣ имконоти нав барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҳарду давлат фароҳам оварда шаванд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо барои истифодаи пурраи имконияти мавҷуда ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 16, 2025 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд