Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи Кодекси экологии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҷаласа дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии таҳияи лоиҳаи Кодекси экологӣ такмили асосҳои ҳуқуқии танзими давлатии ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ дар асоси мувозинати манфиатҳои экологӣ ва иқтисодии ҷомеа ва дар ин замина таъмини татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба муҳити зисти солим мебошад.
Вазифаҳои асосии таҳияи Кодекси экологӣ аз ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналмилалии экологӣ, таҳлили муқоисавии таҷрибаи қонунэҷодкунии чаҳонӣ ва қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибати системавӣ барои танзими муносибат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мутобиқ ба давраи ҳозираи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлили қонунгузории экологии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шакли маҷмуи ягона-Кодекси экологӣ ҷамъ овардани он иборат мебошад.
Лоиҳаи Кодекси экологӣ аз қисму фаслҳо, бобу моддаҳои мушаххас иборат буда, дар доираи таъсиси комиссияи салоҳиятдор ва ҷалби мутахассисону коршиносони варзида бо риояи техникаи қонунэҷодкунӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст.
Таклифу пешниҳод ва тавсияҳое, ки зимни муҳокимаи Кодекси экологӣ аз ҷониби иштирокдорон манзур шуданд, ба лоиҳаи кодекс ворид гардиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






