Дар натиҷаи заминларза дар Ситсзан дар ҷанубу ғарби Чин 126 нафар ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи заминларза бо шиддати 6,8 дараҷа, ки субҳи рӯзи сешанбе дар ноҳияи мухтори Ситсзан дар ҷанубу ғарби Чин рух дод, 126 нафар ҳалок, 188 нафар захмӣ ва ҳазорон хонаҳои деҳот дар нишебии шимолии Ҳимолой тахриб шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Заминларза соати 09:05 ба вақти Пекин дар шаҳраки Тсого, музофоти Динжи (Тингри)-и ҳавзаи шаҳрии Шигатзе ба амал омад. Дар масофаи 20 километр аз маркази заминларза 27 деҳа ҷойгир аст, ки дар онҳо ҳудуди 6900 нафар зиндагӣ мекунанд.
Тавре мақомоти Шигатзе иттилоъ доданд, тибқи маълумоти пешакӣ, 3609 хона фурӯ рехта, 407 нафари зери харобаҳомонда наҷот дода шуданд ва беш аз 30 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Ҷустуҷӯи онҳое, ки зери харобаҳо мондаанд, идома дорад. Наҷотдиҳандагон саъй доранд, ки ҳарчӣ зудтар барои кӯчонидашудагон хайма гузоранд, зеро тибқи пешгӯиҳо, ҳаво дар ин минтақа то 17 дараҷа сард мешавад.
АКС: «Синхуа»








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






