ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид

Январь 27, 2025 10:34

РАШТ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва комиссияҳои ҳавзавии вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Дар машварат намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ба тариқи озод, шаффоф ва бо риояи қонунҳои амалкунанда гузаронидани интихоботи дарпешистода сухан гуфтанд. Ҳамзамон раисони ҳавзаҳо ва учаскаҳои интихоботӣ ва дигар аъзои участкаҳои интихоботӣ ба саволҳои хеш посух гирифтанд.

Дар ноҳияи Рашт ҳама участкаҳои интихоботӣ омода буда, интихоботи дарпешистода дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт барои иштироки фаъолонаи сокинон дар маъракаи интихобот ташаббусҳои тарғиботӣ доир мегарданд. Зимни онҳо ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ доир ба интихобот тақсим карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Январь 27, 2025 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод