Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба маъракаи интихобот машғулияти омӯзишӣ доир гардид

Январь 20, 2025 18:00

ШАҲРИНАВ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шаҳринав бо иштироки намояндагони масъули интихобот, раисони комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва комиссияҳои ҳавзавии вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия машғулияти омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Мувофиқи барнома, иштирокчиёни машғулият бо фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои намунавие, ки дар муассисаҳои таълимӣ ташкил шудаанд, шинос гардиданд. Зимни он ба раисони комиссияҳои интихоботӣ тибқи низомномаи баргузории интихобот дастуру тавсияҳое, ки ба шаффофу одилона баргузор шудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ мусоидат менамоянд, фаҳмонида шуданд. Ҳамчунин ба масъулин оид ба қоидаҳои баргузории интихобот, ки ба шаффофияти ин маъракаи сиёсӣ мусоидат менамоянд, маълумот пешниҳод гардид.

Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Шаҳринав, №6 Тағоймурод Сатторзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қароргоҳи ҳавзаи интихоботии Шаҳринав, №6 дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия ташкил гардидааст. Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор 70 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо ба талабот ва меъёрҳои қонунгузории мамлакат ҷавобгӯ мебошанд. Ҳама участкаҳои интихоботӣ бо маводу лавозимоти зарурӣ ва дастурамалҳо таъмин шудаанд.

Шумораи умумии эҳтимолии интихобкунандагон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Шаҳринав, №6 141 ҳазору 809 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо метавонанд дар рӯзи интихобот озодона ба участкаҳои интихоботӣ омада, вакили дилхоҳи худро интихоб намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Январь 20, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот масъулияти бузурги шаҳрвандӣ аст
Вобаста ба интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Он падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд
Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода: «Дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст»
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати мушоҳидони ИДМ мулоқот баргузор гардид
Мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба муддати дароз назорат мекунанд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Омодагӣ ба интихобот ва иштироки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ баррасӣ шуд
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад