Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои ҳидояткунанда ба рушду зиндагии шоиста мавқеи меҳварӣ доранд

Январь 8, 2025 08:22

ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мамлакати соҳибистиқлоли мо ба марҳилаи рушди таърихие ворид мешавад, ки барои он тақвияти ҳамешагии низоми посухгӯӣ ба равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии ҳаёти дохилии ҷомеа, минтақа ва байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд. Таъмини бархӯрд мутавозин бо ин равандҳо ба ҳузури иродаи босуботи сиёсӣ алоқамандӣ дорад, ки он дар мавқеъгириҳои расмӣ, баёнияҳо, ҳуҷҷатҳои барномавии рушд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҷассум меёбад. Чунин изҳори назар намудааст директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».

— Давоми соли 2024 мо шоҳиди зуҳури силсилаи бешумори чунин ташаббусҳои сиёсии роҳбарияти олии мамлакатамон будем, ки онҳо далели даст рӯйи набзи равандҳои зудҳаракати соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа доштани низоми ҷории сиёсӣ мебошанд. Намунаи барҷастаи чунин амали файзбори сиёсӣ- ин пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба шумор меравад.

Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ аз ҳар ҷиҳат фарогири баррасии воқеъбинонаи масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии ҳаёти дохилии ҷомеа, минтақа ва байналмилалӣ буд. Дар он тамоми паҳлуҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушд ва қадамҳои навбатӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ, ки онро Президенти мамлакат таъмини зиндагии шоистаи мардум номиданд, муайян карда шуданд. Дар ин радиф бо таҳлили нишондиҳандаҳои рушди давлатамон таъкид гардид, ки самараи дастовардҳои рушди иқтисодии мамлакат сол ба сол дар болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ифода меёбад.

Тамаркузи андешамандонаю холисона ба муҳтавои ин қазоват бисёр зарур аст, зеро дар натиҷаи мураккабшавии бесобиқаи вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, ки бешубҳа, давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин барои инсоният дар таърихи қариб сад соли охир ба шумор меравад, дар аксари кишварҳои олам коҳиши дараҷаи рушди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст. Иқтисоди кишварҳо заиф ва вазъи зиндагии мардум бадтар ва вахимтар мегардад. Аммо, хушбахтона, новобаста аз омилҳои таъсиррасони манфии мавҷудаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пеш бурдани  сиёсати дурусту дурбинона тавонист, ки пеши роҳи таъсири манфии буҳронҳои ҷаҳониро ба иқтисоди худ гирад ва низоми муназзами инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷумҳуриро таъмин намояд. Тасдиқи ин нуктаро дар се нишондиҳандаи асосие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 баён гардиданд, метавон дарёфт.

Тавре иброз карда шуд, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 8,4  дарсадро ташкил дода, ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Новобаста аз болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2024 3,6 дарсадро ташкил намуд ва дар натиҷаи амалисозии ин тадбирҳо сатҳи даромади аҳолӣ ба  147 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ҳамчунин афзоиши маоши кормандони буҷавӣ дар панҷ соли охир дар ҳаҷми 100 фоиз ҳадди ақалли маош дар ҳаҷми 1000 сомонӣ бозгӯи воқеият мебошанд. Бешубҳа, сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс бо нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявии солҳои сипаришуда тамоюл ба рушд дошта, дурнамои таҳаввули он умедбахш аст.

Тибқи таъкиди Пешвои миллат, ин дастовардҳо самараи фаъолияти хастагинопазиру муштараки Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон буда, далели раднопазир ва ба вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон ҷавобгӯ будани барномаҳои давлатӣ, стратегияи миллии рушди давлат ва нишони устувории буҷети давлатӣ мебошанд. Дар навбати худ устувории буҷети давлатӣ асоси инкишофи  рӯзафзуни соҳаҳои  иҷтимоӣ, пеш аз ҳам, маорифу тундурустӣ ва илму фарҳанг, беҳдошти ҳаёту фаъолияти кормандони соҳаҳои таъминоти буҷетӣ, дар маҷмуъ, некӯаҳволии тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳамасола дар натиҷаи татбиқи мақсаду вазифа ва дастуру ҳидоятҳои дорои аҳаммияти стратегии Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум таъсири ҳалкунанда мерасонанд, меафзояд.

Табиист, ки зимни таҳлилу арзёбии вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои рушди минбаъдаи он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба яке аз омилҳои такконбахшу калидии он, яъне рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардид. Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Бо таваҷҷуҳ ба мубрамияти ин масъала Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли 2024 дар мавзуи «Дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: аз Паём то Паём» ҳамоиш доир намуд. Зимни он таъкид гардид, ки рушди ҳаматарафаи соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида шуданд, аз ҷумла ба кумита ва вазорату идораҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки бо нишон додани маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираю имконияти мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат дар муҳлати се моҳ «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намоянд.

Ҷанбаи дигари муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз он иборат аст, ки тибқи андешаи Сарвари давлат, дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳиму такондиҳанди рушди давлатҳо- ин таъмини рушди зарфияти инфрасохтории онҳо ба шумор меравад.  Яъне вусъатбахшии сохтмони роҳу долонҳои транзитӣ, ташаккули логистикаи муносибу ҳалқаҳои ба ҳам пайвасти роҳҳои мошингарду оҳани дохилӣ бо имконияти баромад ба самтҳои гуногуни фаромарзӣ, дар маҷмуъ ба сифати омили такондиҳандаи рушди иқтисодии мамлакат баромад мекунанд. Аз ин рӯ, рақобатҳо байни кишварҳои минтақа ва фаротар аз он барои афзалият пайдо кардан дар ин масъала имрӯзҳо ба таври бесобиқа меафзоянд. Дар айни замон дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт амалӣ мешавад, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудан ва ба талаботи замон ҷавобгӯ кардани маҳз инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва татбиқи ҳадафи дигар – табдил додани давлатамон ба давлати транзитӣ мебошад. Яке аз чунин лоиҳаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ -ин лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Қулма» ба шумор меравад. Президенти мамлакат ба зарурати суръатбахшии татбиқи ин лоиҳа ишора намуда, таъкид намуданд, ки тобистони имсол ба истифодадиҳии он дар мадди назар қарор дода шавад. Дар асоси ин лоиҳа сохтмони 15 пули мошингузар, 2 нақб бо дарозии 5200 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 438 метр, гузоштани 150 лӯлаи обпарто, 22000 метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ, чароғонкунии 14 деҳаи паҳлуи роҳ бо дарозии 17,7 километр дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ба нақша гирифта шудааст. Дар умум, ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, баъди навсозӣ дарозии он 16 километр кӯтоҳ мегардад. Корҳои сохтмонӣ 27 сетябри соли 2021 дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зимни сафари кории Президенти Тоҷикистон оғоз гардида буданд.

Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ  изҳор доштанд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бисёр ҷиҳат аз тамоюлоти ба кадом самт ҳаракат кардани низоми равобити имрӯза ва дар айни замон ташаккулёбандаи байналмилалӣ низ вобастагӣ дорад. Дарвоқеъ, тамоюли тағйирпазири сифати муносибатҳои байналмилалии имрӯза батадриҷ муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ – сиёсат ва амниятро осебпазир ва буҳронҳои иқтисодиро амиқтар менамояд. Муҳимтар аз ҳама, низоъҳои мусаллаҳона давоми солҳои охир сабаби авҷ гирифтани тамоюли ҳарбию низомӣ ва сиёсӣ шуданд, ки ҳамаи ин эҳтимоли боз ҳам мураккабтар шудани амнияти байналмилалиро дар оянда ба воқеият наздиктар мекунад.

Доираи масъалаҳо, хавфу хатарҳои айнӣ ва эҳтимолие, ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дарҷ намуданд,  наметавонанд ба давлати мо, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бетаъсир бошанд.

Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пайомадҳои мудҳиши ин равандҳо, ки дар бисёр мавридҳо боиси фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мешаванд, муҳим аст, зеро вусъатёбии фаъолияти ин гурӯҳҳо эҳтимоли халал ворид кардан ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистонро низ дар пай дорад. Бинобар ин, дарки саривақтии мушкилоти мавҷуда моро водор месозад, ки ҷиҳати коҳиши таъсири эҳтимолии хавфҳо ба фазои сиёсию иқтисодии мамлакатамон аз ҳозир омодагӣ дида, дар ин самт тадбирҳои муассиру самарабахши пешгирикунанда андешем.  Дар робита ба ин тибқи дастури Сарвари давлат зарур шуморида мешавад, ки давлати мо мавқеи анъанавии худро дар ҳалли мушкилоти байналмилалии амниятӣ тақвият бахшида, ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла кишварҳои шарик дар самти тақвияти иқтидори мудофиавии худ суръат бахшад.

Чунин сиёсати мутавозини пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон на танҳо дар дохил, балки аз ҷониби соири давлатҳои дунё ва созмону ташкилоти байналхалқӣ низ ба хотири ҷанбаи васеи созандагӣ доштанаш мусбат ва қобили омӯзиш арзёбӣ мешавад. Зеро ҳифзи чунин сиёсати мутавозини байналмилалию минтақавӣ дар шароити зудтағйирёбандаи муосир ҳоло ба кори хеле машаққатбору масъулиятноке табдил ёфтааст, ки ба манобеи амалгароёнаи фикрӣ ва иродаи қавӣ ниёз дорад. Ин баёнгари он аст, ки мамлакати мо нисбат ба ояндаи хеш ва сокинонаш хеле дурандешонаю мулоҳизакорона амал менамояд ва ин аломати муҳим барои ҳар ҷомеаи амалгаро аст.

Ҳамин тавр, бо такя ба мантиқи воқеъбинона метавон гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи мақсаду вазифа ва дастуру ҳидоятҳои дорои аҳаммияти стратегии Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷумҳурӣ соли 2025 низ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида, фаъолияти созандаи дастҷамъонаи сокинони куҳандиёрамон ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум таъсири ҳалкунанда мерасонад. Аз ин нуқтаи назар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон санади стратегии фарогир, таҳлилу баррасикунандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъминкунандаи дурнамои рушди устувори давлат унвон намуд.

Январь 8, 2025 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат вобаста ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Дастгоҳҳои барқии маиширо дар хона чӣ тавр бояд истифода намуд?
Дар Истаравшан ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон вобаста ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир гардид
ПАЁМ — РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Чӣ гуна бояд аз он истифода барем?
Дар Тоҷикобод мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» идома доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
Дар Гулистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ конференсия баргузор шуд