Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Президент- роҳнамои асили рушди дарозмуддати мамлакат» вобаста ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои асили рушди дарозмуддати мамлакат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд. Тадбирҳои амалинамуда имкон доданд, ки соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 153,4 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шавад. Яъне ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат дар ин давра 74,3 миллиард сомонӣ ё 2,2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 миллиард сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии бемории КОВИД-19)-ро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
Вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ Завқӣ Завқизода баён дошт, ки дар доираи корбарии вазорат ба ҳайси ҳамраиси комиссияҳои байниҳукуматӣ дар ҳаҷми умумии 630 миллион доллар маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзнок ҷалб гардиданд. Дар робита ба ин масъулин вазифадор шуданд, ки корҳо дар самти ҷалби маблағҳо дар соли 2025 идома дода шаванд.
Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳо дар самти фаъолияти Ситоди зиддибуҳронӣ идома ёфта, вобаста ба масъалаҳои пешбинишуда ба Ҳукумати мамлакат гузоришҳои таҳлилӣ пешниҳод мегарданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд






