Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал дар чемпионати CAFA-2025 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ соли 2025 10-солагии таъсиси худро таҷлил менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Нахустин мусобиқа дар соли 2025 таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – чемпионати CAFA оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби футзали занона дар Душанбе баргузор мешавад.
Мусобиқа аз 7 то 17 феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мешавад. Ҳайати иштирокчиёни чемпионати CAFA-2025 ва шакли баргузории мусобиқа дертар муайян мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ин чаҳорумин чемпионати CAFA байни дастаҳои футзали занона хоҳад буд. Чунин мусобиқа бори аввал соли 2022 ташкил шудааст. Дар солҳои 2022 ва 2024 чемпионати CAFA байни дастаҳои футзали занона дар Душанбе ва соли 2023 дар Тошканд доир гардида буд. Дар ҳамаи онҳо тими футзали занонаи Эрон ғолиб гардидааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид






