РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Январь 2, 2025 13:30

ДУШАНБЕ,02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — дурнамои рушди илму маориф» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Иштирокдорони конференсияи илмӣ-амалӣ нақши калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамои стратегии рушди ҷумҳурӣ таъкид намуда, иброз карданд, ки татбиқи дастурҳои Сарвари давлат дар самти таҳкими низоми маориф ва рушди иқтисоди рақамӣ вазифаи муҳимест, ки бояд бо масъулияти баланд амалӣ шаванд.

Баён гардид, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин навбат низ илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ баррасӣ шуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, густариши таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир махсус иброз шуд. Сарвари давлат тазаккур доданд, ки рушди илму маориф заминаи асосии рушди устувори ҷомеа буда, аз ҳар як омӯзгор, донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ масъулияти бештар талаб мекунад.

«Яке аз паҳлуҳои муҳимтарин дар Паёми Президенти Тоҷикистон эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мебошад. Ин ташаббус имкониятҳои васеъро барои таъмини рушди соҳаҳои илму маориф ва татбиқи идеяҳои навоварона фароҳам меорад. Аз ҷумла, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми таълим, таҳкими инфрасохтори илмӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш ва дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҳадафҳои асосӣ маҳсуб мешаванд»,- изҳор гардид дар ҳамоиш.

Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон дар баробари равшан кардани дурнамои рушди мамлакат, ба мо — намояндагони илму маориф, вазифаҳои нав мегузорад. Ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ бояд дарк намояд, ки татбиқи амалии ин дастурҳо барои насли оянда дарҳои рушди илми муосирро мекушояд.

Дар идомаи конференсия дар мавзуъҳои «Дурнамои рушди соҳаи мактабу маориф ва илм дар Паёми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи таъмини рушди босуботи иқтисодиёти ҷумҳурӣ» аз ҷониби устодони донишгоҳ маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Январь 2, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?