РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Давоми 7 соли охир дар Душанбе 22 кӯдакистон ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 7 соли охир аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо дар шаҳри Душанбе 22 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3929 ҷой ва 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48 ҳазору 386 хонанда дар як баст пас аз бунёду навсозӣ ва таъмири асосӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни баргузории ҷаласаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки танҳо соли 2024 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолият оғоз кард.
Иброз гардид, ки бо назардошти афзоиши босуръати аҳолии пойтахт ҳамасола якчанд муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо тарҳи бино ва утоқҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми таҷҳизот ва лавозимоти инноватсонии таълим, кабинету озмоишгоҳҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бо назардошти сохтмони бомароми биноҳои баландошёна ва афзоиши аҳолии пойтахт мутобиқ ба талаботи “Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” то ба 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, инчунин бобати бартараф намудани норасоии ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни бошукуҳи миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 60 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 12 ҳазору 390 ҷой (буҷети шаҳр 1 адад, бахши хусусӣ 59 адад) ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин 21 муассисаи таълимӣ барои 20 ҳазору 176 хонанда (буҷети шаҳр 2 адад, буҷети ҷумҳуриявӣ 1 адад, Вазорати маориф ва илм 2 адад, соҳибкорон 16 адад) дар як баст оғоз гардида, идома дорад.
Дар айни замон муассисаҳои таълимии пойтахт дорои 2353 кабинети фаннӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2023 177 адад зиёд мебошад.
Имрӯзҳо базаи моддӣ – техникии аксар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, талаботи «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» тибқи нақша барзиёд иҷро шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.
Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад.
Бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.
Зеро зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардид, ки ҳадаф аз татбиқи он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад. Бо амалисозии ин барнома то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 140 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






