Директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо афзалият ва роҳҳои эҳтимолии ҳамкории созандаро барои пешбурди ваколатҳои асосии ЮНИСЕФ табодули афкор намуданд. Онҳо аҳамияти таҳкими шарикиро барои ҳалли масъалаҳои мубраме, ки ба кӯдакон дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонанд, таъкид карданд.
Илова бар ин дар мулоқот сафари дарпешистодаи расмии директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон ва ҳамчунин иштироки мавсуф дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, баррасӣ шуд.
Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 29 май то 1 июни соли 2025 дар Душанбе дар чаҳорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 баргузор мешавад. Ин чорабинии муҳим зарурати фаврии ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба дастрасии об, амнияти озуқаворӣ ва некӯаҳволии ҷомеаро таъкид месозад.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






