ДУШАНБЕ ДАР GOOGLEMAP, YANDEXMAP ВА OSM. 1500 акси ҷолиби пойтахти Тоҷикистон дар ин харитаҳои рақамии бонуфузи ҷаҳонӣ ҷой карда шуд

Январь 9, 2025 16:04

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар робита ба ҷой кардани аксҳои ҷолиби шаҳри Душанбе дар харитаҳои рақамии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ маросими рӯнамоӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ масъулони шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе», донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ масъулони шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба имконияти сайёҳии пойтахт, муаррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ибрози назар намуданд.

Ҳадаф  аз ин иқдом ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, нишон додани иқтидори сайёҳӣ, муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва тарғиби табиати нотакрори мамлакат ба шумор меравад.


Ин иқдом на танҳо ба муаррифии шаҳри Душанбе, балки ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва тарғиби бештари Тоҷикистон, бахусус пойтахти он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни чорабинӣ зиёда аз 1500 акси ҷолибу диданӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ки чор фасли солро инъикос мекунанд, дар сомонаҳои интернетӣ ҷой дода шуд.

Сайёҳон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҳангоми ҷустуҷӯи шаҳри Душанбе дар харитаҳои рақамӣ, аз ҷумла дар GoogleMap, YandexMap ва OSM имкон пайдо менамоянд, ки бо дидани ин аксҳо бо зебоиҳои пойтахти Тоҷикистон шинос гарданд.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Январь 9, 2025 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд