ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия ҷамъомади таълимӣ мегузаронад

Январь 4, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Анталияи Туркия ҷамъомади омӯзишии дуҳафтаина доир мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия, ки аз 8 то 24 январ баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони мо панҷ бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ҳарифони наврасони мо дертар эълон карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, иштирок мекунад. Рақибони наврасони мамлакат дар гурӯҳ 23 январ дар қуръакашии мусобиқот маълум хоҳанд шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 4, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд