ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Беларус барои баргузории бозии дӯстона байни тимҳои миллии ду давлат дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларус рақобати дӯстона баргузор мешавад. Ин бозӣ 20 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.
Дар раддабандии ФИФА дастаи яккачини Тоҷикистон дар зинаи 104-ум ва дастаи мунтахаби Беларус дар ҷойи 98-ум қарор доранд.
Бозӣ бо дастаи мунтахаби Беларус марҳилаи омодагӣ ба вохӯрии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад. Вохӯрӣ бо Тиморӣ Шарқӣ 25 март дар Душанбе доир мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






