Футболбози тоҷик Амадонӣ Камолов бозигари дастаи «Гул Гуҳар»-и Эрон шуд

Январь 14, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаҳои миллӣ ва олимпии (U-23)-и Тоҷикистон оид ба футбол Амадонӣ Камолов бо бошгоҳи футболи «Гул Гуҳар»-и Эрон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Амадонӣ Камолов ҳамчун бозигари озод ба бошгоҳи «Гул Гуҳар», ки намояндаи шаҳри Сирҷони Эрон аст, гузашт.

Бошгоҳи нави футболбози тоҷик дар ҷадвали чемпионати Эрон дар ҷойи панҷум аст.

Амадонӣ Камолов аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба «Гул Гуҳар» гузашта, ду мавсим онҷо баромад хоҳад кард. То ба «Истиқлол» омадан нимҳимоятгар дар дастаҳои «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва бошгоҳҳои «Райо Махадаонда» ва «Паракуэллос Антамира» низ ҳунарнамоӣ кардааст.

Амадонӣ Камолов дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2023 дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдун (1:1) аввалин бор ба майдон баромадааст. Дар айни замон ӯ дар 9 бозии тими миллӣ 2 гол задааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 14, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд