ҲХДТ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ, №9 номзад пешниҳод намуд

Январь 9, 2025 13:26

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар ноҳияи Варзоб зимни баргузории маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ, №9 пешбарӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маҷлис масъалаҳои тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ, №9 баррасӣ гардиданд.

Дар асоси талаботи моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадии Шерализода Муҳаммадулло Умар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рӯдакӣ, №9 ба муҳокимаи аъзои Кумитаи иҷроия пешниҳод гардид.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Январь 9, 2025 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ёвон, №29 пешбарӣ гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд
«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ ва истифодаи он тасдиқ гардид
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 номзад аз ҲХДТ пешбарӣ гардид
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Рашт,№12 пешбарӣ карда шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Турсунзода, №5 пешбарӣ карда шуд